Трамп ваъда дод, ки бочи воридотро аз ИА чори мекунад ва касри тичоратро “дахшатнок”номид – ИА Караван Инфо
Трамп ваъда дод, ки бочи воридотро аз ИА чори мекунад ва касри тичоратро "дахшатнок"номид

Президенти ИМА Доналд Трамп изхор дошт, ки Иёлоти Муттахида барои воридот аз кишвархои Иттиходи Аврупо бо сабаби касри тичоратии 300 миллиард евро бочи тичорати чори мекунад. Ба гуфтаи вай, ИА дар ин масъала “тамоми сархадхоро убур намудааст”.

“Ин дар мавриди иттиходи Аврупо руй хохад дод, ман инро ба шумо гуфта метавонам. Зеро онхо аз мо истифода мебаранд” Гуфт Трамп ба хабарнигорон дар Пойгохи Низомии Эндрюс дар Мэриленд.

Дар баробари ин, у кайд намуд, ки вазъ бо Бритониё метавонад “хал намуда шавад” ва таъкид намуд, ки бо Сарвазири Бритониё Кир Стармер муносибатхои хуб дорад. Сарвари Хукумати Бритониё, дар навбати худ, каблан изхор дошт, ки мехохад хамкории иктисодиро бо ИМА таквият дихад.

“Хангоми гуфтушунид бо президент Трамп, мо ба масъалаи эчоди робитахои мустахками тичорати тамаркуз намудем. Хамин тавр, ин танхо ибтидо аст”, гуфт Стармер.

Тахлилгарон кайд мекунанд, ки сиёсати тичоратии ИМА метавонад муносибатхои Лондонро бо Брюссел бадтар кунад. Бритониё каблан курси “бозсозии пас аз brexit” – и муносибат бо ИА-ро эълон намуда буд ва ин хафта Кир Стармер ба Брюссел барои нишасти гайрирасмии рахбарони кишвархои Иттиходи Аврупо меравад.

Дар мусохибаи рузи якшанбе Трамп хамчунин изхор дошт, ки “Иёлоти Муттахида кариб хамаи кишвархои чахонро горат мекунад”. Вай афзуд, ки рузхои истирохатии пуршиддатро дар мухокимаи масъалахои марбут ба сафари дарпешистодаи сарвазири Исроил Бинемин Нетаняху ба Вашингтон гузаронидааст.

Аксхо: скриншот аз видео аз манбаъхои кушода

error: