МОСКВА, 23 октябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи бекор намудани мулоқоти нақшавӣ бо президенти Русия Владимир Путин дар Будапешт хабар дод ва қайд намуд, ки “дар мулоқот бе пешрафт дар масъалаи украина маъно намебинад” аммо ӯ дарро барои гуфтушунидҳои оянда боз мекунад.

Тибқи изҳороти Трамп, бекор намудани мулоқот ба он вобаста аст, ки муҳокима натиҷа надод. Дар ҳамин ҳол, намояндаи расмии Кохи Сафед қайд намуд, ки то ҳол “нақшаи нест” барои баргузории чунин ҳамоиш.
“Мо мулоқоти худро бо президент Путин лағв намудем. Чунин менамуд, ки ин нодуруст аст. Ба назарам чунин менамуд, ки мо ба ҳадафи дуруст намерасем”, — гуфт Трамп дар натиҷаи мулоқот бо дабири кулли НАТО ба хабарнигорон.
Дар ҳамон рӯз Вазорати молияи ИМА эълон намуд, ки алайҳи ширкатҳои бузурги нафтии русия Роснефт ва ЛУКОЙЛ ва корхонаҳои фаръии онҳо таҳримҳои иловагӣ ҷорӣ намуда мешаванд.
Аммо Котиби Давлатии ИМА Марко Рубио изҳор дошт:”Мо ҳамеша ба ҳамкорӣ бо Русия манфиатдор хоҳем буд, агар имкони расидан ба сулҳ вуҷуд дошта бошад”.
Пештар Трамп ва Путин нақша доштанд, ки дар Будапешт ҳамоиш баргузор кунанд, ки ба қатъи ҷанг дар Украина нигаронида шуда буд. Аммо гуфтушунидҳо ба бунбаст дучор шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта Владимир Путин бо ҳамкасби амрикоӣ Доналд Трамп гуфтугӯи телефонӣ намуда, бо ӯ дар бораи вазъи Украина сӯҳбат намуд. Дар натиҷаи сӯҳбат раиси Кохи Сафед нақшаи мулоқот бо президенти Русияро дар Будапешт эълон намуд.
Аксҳо: AP / Alex Brandon
