Туфони шадиди зимистона, ки дар шарки ИМА рух дод, хадди аккал 12 халок шуданд, аз чумла 11 нафарро дар Кентукки дар натичаи обхезихои борони кушт.

Хадамоти миллии обухавошиносии ИМА хушдор додааст, ки сардихои ба хает тахдидкунанда то рузи сешанбе идома хоханд ёфт ва бориши барфи шадид аз шимоли Рокки ба минтакахои марказии кишвар хохад рафт. Интизор меравад, ки обу хаво то рузи панчшанбе ба хамворихои маркази ва иёлотиА миёна таъсир расонад.
Губернатори Кентукки Энди Бешир хабар дод, ки шумораи курбониёни обхези дар иёлот ба 11 нафар расидааст ва метавонад афзоиш ёбад.
“Дар бисёр минтакахо, ин яке аз бузургтарин обхезихо дар вактхои охир ва дар баъзе минтакахо яке аз бузургтарин обхезихо дар таърихи мушохидахо мебошад. Ва ин хама дар пасманзари чанд туфони барфи рух медихад” гуфт у дар мусохиба.
Ба гуфтаи у, начотдихандагон тавонистанд такрибан хазор нафарро эвакуатсия кунанд, аммо дар баъзе минтакахо амалиёти начот идома дорад. Бориши барфи пешбинишуда дар охири хафта метавонад рафъи окибатхои обхезиро мушкилтар кунад.
“Мо бояд бовари хосил кунем, ки хар касе, ки манзил надорад, дар рузхои наздик гарм аст” гуфт Бешир.
Президенти ИМА Доналд Трамп дархости Кентуккиро барои эълони офати табии тасдик намуд, ки ба агентии федералии холатхои фавкулодда (FEMA) имкон медихад, ки кушишхои кумакро хамоханг созад.
“Лутфан дар хона бимонед ва ба хаёти худ гамхори кунед”, — даъват намуд губернатор аз сокинони иёлот.
Борони шадид каблан дар Лос-Анчелес обхези ва ярчро ба вучуд оварда буд, ки як мох пеш аз сухторхои харобиовар азият мекашид.
Аксхо: аз манбаъхои кушода