Душанбе, 18 июн, АИ «Караван инфо». Сафири фавкулодда ва Ваколатдори Чумхурии Точикистон дар Аморати Муттахидаи Араб Ашарфчон Гулов 16 июн бо директори Генералии Департаменти фарханг ва сайёхии аморат Абу-Даби Мухаммад Солех ал —Чазири мулокоти созанда баргузор намуд.

Максади мулокот-мухокимаи роххои тахкими хамкори дар сохаи сайёхи хамчун самти мухимтарини шарикии гуманитари ва иктисодии Точикистону АМА мебошад.
Тавре дар сафорат хабар доданд, чонибхо зарурати таквияти робитахои шарики байни макомоти профилии ду кишвар, аз чумла дар сатхи бахши хусусиро кайд намуданд. Аз чумла, ба тадбирхои амали оид ба пешбурди иктидори сайёхии Точикистон дар байни шахрвандони АМА таваччух зохир намуда шуд.
Дар байни пешниходхо ташкили брифингхо ва презентатсияхои махсус, вохурихои машварати бо иштироки намояндагони агентихои сайёхи, хавопаймохо ва сохторхои давлатии харду кишвар. Ин равиш имкон медихад, ки манфиатхои сайёхон бехтар фахмида шаванд ва ташаббусхои муштарак оид ба мубодилаи тачриба ва чалби сармоягузори ба сохаи сайёхи тахия намуда шаванд.
Муколама дар Абу-Даби як кадами дигар барои табдил додани сохаи сайёхи ба воситаи муассири тахкими робитахои байнидавлати ва фарханги буд.
АКСХО: Сафорати Чумхурии Точикистон дар Аморати Муттахидаи Араб