Туризми Точикистон: рушди соха ва омодаги ба чашни Навруз – ИА Караван Инфо
Туризми Точикистон: рушди соха ва омодаги ба чашни Навруз

Дар Кумитаи рушди сайёхии назди Хукумати Чумхурии Точикистон бо иштироки намояндагони ширкатхои сайёхи, мехмонхонахо, осоишгоххо ва вазорату идорахои дахлдор чаласа баргузор гардид. Чорабини ба рушди сайёхии дохили, баланд бардоштани сифати хизматрасони ба сайёхони дохилию хоричи, инчунин тахлили вазъи кунунии соха бахшида шуд.

Вохури дар доираи татбики дастуру супоришхои Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон, ки дар Паёми худ ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон «Дар бораи самтхои асосии сиёсати дохилию хоричии чумхури» аз 28 декабри соли 2024 садо дод, баргузор гардид.

Таваччухи асоси ба тахкими хамкорихои сохторхои давлати ва бахши хусуси, аз чумла ширкатхои сайёхи, мехмонхонахо ва истирохатгоххо ва дар сатхи баланд баргузор намудани чашни байналмилалии Навруз зохир гардид. Иштирокчиёни вохури масъалаи ташкили истикболи мехмонон, аз чумла аз Чумхурии Исломии Эрон ва фарохам овардани шароит барои будубоши барохати онхоро барраси намуданд.

Вохури як кадами мухим дар тахкими муколамаи байни давлат ва бахши хусуси дар бахши сайёхи буд. Баррасии масъалахои чори ва тахияи роххои халли муштарак на танхо сифати хидматрасониро барои сайёхон бехтар мекунад, балки Точикистонро ба як макони боз хам чолибтар барои сайёхон аз тамоми чахон табдил медихад.

Акс: Кумитаи рушди сайёхии назди Хукумати Чумхурии Точикистон

error: