Туркия барои воридоти ГМ аз ИМА шартномаҳои бисёрмиллиарддолларӣ имзо намудааст – ИА Караван Инфо
Туркия барои воридоти ГМ аз ИМА шартномаҳои бисёрмиллиарддолларӣ имзо намудааст

МОСКВА, 26 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Анкара ду созишномаи дарозмуддатро дар бораи интиқоли гази моеъи табиӣ (ГМТ) аз ИМА ба имзо расонид. Арзиши умумии амалиёт то 28 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.

Дар ин бора Вазири энергетика Алпарслан Байрактар дар арафаи мулоқоти президентҳо Реҷеп Тайип Эрдуғон ва Доналд Трамп хабар дод.

Шартномаи аввал бо Ширкати Woodside Energy имзо шуда, соли 2030 эътибор пайдо мекунад. Мӯҳлати он нӯҳ сол хоҳад буд ва интиқоли солона аз лоиҳаи Louisiana LNG тақрибан ба 5,8 миллиард метри мукааб газ мерасад.

Созишномаи дуюм бо савдогари Mercuria барои 20 сол баста шудааст. Таҳвил аллакай соли 2026 оғоз меёбад ва ҳаҷми умумии он дар тамоми давра аз 70 миллиард метри мукааб зиёд хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Байрактар, ҳадафи ин шартномаҳо таҳкими амнияти энергетикии кишвар, диверсификатсияи манбаъҳо ва мӯътадил намудани нархҳо мебошад.

Коршиносон қайд мекунанд, ки Туркия мавқеи худро дар гуфтушунид бо таъминкунандагони гази қубурӣ тақвият медиҳад ва вобастагии худро аз тағиребии бозори спот коҳиш медиҳад.

Аксҳо: Wenisafak

error: