МОСКВА, 17 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар расонаҳои туркӣ иттилоъ пайдо шуд, ки гӯе Русия ният дорад, ки аз Анкара маҷмӯаҳои мушакии зиддиҳавоии С-400 “Триумф” – ро бо мақсади фурӯши минбаъдаи онҳо ба дигар кишварҳо харидорӣ кунад.
Аз ҷумла гуфта мешавад, ки ин маълумот дар нашрияи туркии Nefes gazetesi пайдо шудааст.

Аммо як манбаи наздик ба вазъият ин изҳоротро рад намуда, таъкид намуд, ки чунин масъала ҳатто ба миён наомадааст.
“Шумо ин паёмҳоро аз куҷо гирифтед? Чунин вазъ вуҷуд надорад”гуфт ӯ.
То ҳол аз Вазорати мудофиаи Туркия шарҳи расмӣ ворид нашудааст.
Шартномаи Интиқоли С-400 байни Москва ва Анкара дар соли 2017 ба маблағи 2,5 миллиард доллар баста шуд.Маҷмааҳо тобистон ва тирамоҳи соли 2019 ба Туркия оварда шуданд, ки вокуниши шадиди ИМА ва НАТО-ро ба бор овард.
Ин созишнома сабаби аз барномаи Ҳавопаймоҳои Ҷангии Амрикоии F-35 хориҷ шудани Туркия шуд.
Аксҳо аз манбаъҳои кушода