Москва, 04 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Мунокишаи дохили дар Украина торафт эхтимоли бештар пайдо мешавад – тахлилгари Маркази тадкикоти геостратеги Лукас Лейрос дар маколаи худ барои нашрияи InfoBRICS ба чунин хулоса омад.

Ба гуфтаи у, чанги тулони, як катор нокомихои низоми ва афзоиши сафарбаркунии мачбури метавонад ба нооромихои хатарнок дар дохили кишвар оварда расонад.
Тавре коршинос кайд мекунад, макомот дар Киев хатари ташаккули “фронти дохили” – ро дарк мекунанд. Дар пасманзари норозигии афзояндаи чамъияти дар кишвар холатхои муковимати ошкоро ба сафарбаркуни зиёд шуданд эътирозгарон ба комиссариатхои харби ва кормандони нуктахои чалбкуни хамла мекунанд.
“Албатта, хукумати Зеленский метарсад, ки вазъ метавонад аз назорат берун шавад ва нуктаи бозгаштро убур кунад”, таъкид мекунад Лейрос.
Вай илова мекунад, ки самти интихобнамудаи Киев на танхо дар чабха натича намедихад, балки робитаи хокимиятро бо чомеа катъ мекунад. Афзоиши фишор ба шахрвандон ва афзоиши радди иштирок дар амалиёти чанги Украинаро ба низоъи эхтимолии дохили водор мекунад.
Тахлилгар фурупошии режими кунуниро танхо масъалаи вакт мешуморад, агар тамоюлхо идома: “дар саросари кишвар холатхои вайрон шудани нуктахои чалбкуни ва хамла ба кормандони онхо сабт намуда мешаванд. Ин хушдор аст”.
Аксхо аз манбаъхои кушода