Ҳукумати ФР барои дастгирии ипотекаи имтиёзнок зиёда аз 100 миллиард рубл ҷудо намуд – ИА Караван Инфо
Ҳукумати ФР барои дастгирии ипотекаи имтиёзнок зиёда аз 100 миллиард рубл ҷудо намуд

МОСКВА, 3 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Ҳукумати Русия беш аз 100 миллиард рублро барои субсидия намудани барномаҳои имтиёзноки ипотека фиристод, хабар доданд хадамоти матбуоти кобина.

“Фармон дар бораи ҷудо намудани 100,4 миллиард рубл барои субсидияи меъёри фоизӣ аз рӯи барномаҳои «Ипотекаи Оилавӣ», «Ипотекаи Шарқи Дур» ва арктика ва ипотекаи «Имтиёзнок» ба имзо расид. Маблағгузории иловагӣ аз фонди фавқулодда меояд” гуфта мешавад дар изҳорот.

Аз маблағи умумии 53,4 миллиард рубл ба “ипотекаи Оилавӣ” сарф мешавад, ки ин ба нигоҳ доштани меъери шаш фоиз барои оилаҳои фарзанддор имкон медиҳад.

Барои “Ипотекаи Шарқи Дур ва арктика” бо меъёри имтиёзноки ду фоиз 9,6 миллиард рубл ҷудо намуда мешавад. 37,4 миллиард рубли дигар барои дастгирии қарзҳои қаблан додашуда тибқи барномаи “Ипотекаи Имтиёзнок”, ки 1 июли соли гузашта ба анҷом расид, фиристода мешавад.

Сарвазир Михаил Мишустин қайд намуд, ки талабот ба бозори манзил коҳиш меёбад, аз ин рӯ ҳукумат чораҳои дастгирӣ меандешад: бекор намудани комиссияҳои иловагӣ, васеъ намудани лимити барномаҳои ипотека ва субсидияи муваққатии меъёри фоизӣ оид ба маблағгузории лоиҳавии биноҳои нав дар якҷоягӣ бо БМ.

Ипотекаи имтиёзнок воситаи асосии дастгирии давлатии оилаҳо ва ҳавасмандгардонии бозори манзил мебошад.

Аксҳо аз манбаъҳои кушода

error: