Урсула фон дер Лайен пешниход намуд ки коидахои бучети Иттиходи Аврупоро барои мудофиа сабук кунад – ИА Караван Инфо
Урсула фон дер Лайен пешниход намуд ки коидахои бучети Иттиходи Аврупоро барои мудофиа сабук кунад

Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен дар конфронси амнияти Мюнхен изхор дошт, ки иттиходи Аврупо метавонад интизоми бучетиро муваккатан суст кунад, то харочоти давлатиро барои мудофиа зиёд кунад.

Фон дер Лайен пешниход намуд, ки дар Паймони субот, ки ба кишвархои узви Иттиходи Аврупо имкон медихад, ки дар даврахои бухрони аз талаботи катъии молияви даст кашанд, як банди махсус истифода шавад. Чунин чора аллакай дар давраи пандемияи COVID-19 истифода шуда буд.

“Мо ба кишвархо имконият медихем, ки сармоягузорихои давлатиро вобаста ба бухрон ба таври назаррас афзоиш диханд. Ман бовари дорам, ки мо холо дар давраи бухрон карор дорем ва он муносибати мувофикро талаб мекунад” гуфт у.

Карор дар бораи сабук намудани коидахои фискали дар пасманзари изхороти Маъмурияти Доналд Трамп дар бораи зарурати Мустакилона ба душ гирифтани бори Харочоти мудофиа барои Аврупо барраси мешавад. Ноиби президенти ИМА Ч. Д. Вэнс дар мюнхен даъвати Трампро ба кишвархои НАТО барои зиёд намудани маблаггузории мудофиа такрор намуд.

Дар пасманзари ин изхорот, иттифокчиёни аврупои имкони баланд бардоштани сатхи максадноки харочоти мудофиаро аз 2% ММД-и хозира барраси мекунанд. Коршиносон тахмин мезананд, ки дар дах соли оянда ба Иттиходи Аврупо лозим меояд, ки ба иктидори мудофиавии худ такрибан 500 миллиард евро сармоягузори кунад.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: