Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мавқеи худро дар рейтинги ҷаҳонии ҳарбӣ беҳтар карданд – ИА Караван Инфо
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мавқеи худро дар рейтинги ҷаҳонии ҳарбӣ беҳтар карданд

Душанбе, 27 январ, – АИ «Корвон Иттилоот».  Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар рейтинги навшудаи Global Firepower барои соли 2026 мавқеи худро ба таври назаррас беҳтар намуда, аз зинаи 108-ум ба ҷои 100-ум баромаданд. Ҳамин тариқ, ҷумҳурӣ бори аввал дар як сол аз ҳашт зина боло рафта, дигар охирин мавқеъро дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ишғол намекунад.

Тибқи маълумоти Global Firepower, нишондиҳандаи қудрати ҳарбии Тоҷикистон дар соли 2026 ба 2,1749 баробар шудааст, дар ҳоле ки соли 2025 ин нишондиҳанда 2,3049 буд. Паст шудани индекс аз беҳтар шудани арзёбии неруи ҳарбӣ дарак медиҳад ва ин раванд аз таҳкими тадриҷии иқтидори мудофиавии кишвар шаҳодат медиҳад.

Соли 2025 қавитарин артиши Осиёи Марказӣ Қазоқистон дониста мешуд, ки дар зинаи 57-уми ҷаҳон қарор дошт. Пас аз он Ӯзбекистон (ҷои 58), Туркманистон (77), Қирғизистон (105) ҷойгир шуда, Тоҷикистон дар зинаи 108-ум қарор дошт.

Дар соли 2026 вазъи қувваҳо дар минтақа тағйир ёфт. Пешсафи Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон гардид, ки ба ҷои 53-юми ҷаҳон баромад. Қазоқистон ба зинаи 58, Туркманистон ба 78, Тоҷикистон ба 100 ва Қирғизистон ба ҷои 109 поён фаромад.

Дар сатҳи ҷаҳонӣ бошад, се давлати пешсафи рейтинг тағйир наёфтаанд: ИМА, Русия ва Чин ҳамоно қавитарин артишҳои ҷаҳон маҳсуб меёбанд. Дар поёни рӯйхат артишҳои Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Бенин ва Бутан ҷой доранд.

Коршиносон беҳтар шудани мавқеи Тоҷикистонро бо навсозии марҳилавии артиш, тақвияти амнияти миллӣ ва рушди иқтидори кадрӣ рабт медиҳанд, ки метавонад дар оянда нақши кишварро дар минтақа боз ҳам мустаҳкам намояд.

Акс: https://www.nazarnews.org

error: