Ванг И: раванди халли низоъ дар Украина ба мархилаи халкунанда ворид мешавад – ИА Караван Инфо
Ванг И: раванди халли низоъ дар Украина ба мархилаи халкунанда ворид мешавад

МОСКВА, 07 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо».  Бухрони Украина ба даври нав мерасад. Ба гуфтаи Вазири корхои хоричии Чин Ван И, бо огози гуфтушунидхои мустаким байни Русия ва Украина, раванди халли сулх ба мархилаи халкунанда ворид мешавад.

Дар ин бора у дар сухбати телефони бо Мушовири Махсуси президенти Бразилия Селсу Аморим изхор дошт, хабар медихад сомонаи расмии ВКХ-и Чин.

Ван И хотиррасон намуд, ки накшаи муштараки шаш  банди Чин ва Бразилия, ки мохи майи соли 2024 пешниход шуда буд, асоси муколамаи сиёси гардид ва аллакай аз чониби зиёда аз 100 кишвар тасдик шудааст.

Дипломати чини кайд намуд, ки Пекин, Бразилия ва дигар кишвархои Чануби Чахони ният доранд, ки платформаи “Дустони чахон” – ро барои кумак ба чонибхо дар расидан ба сулхи устувор эчод кунанд.

Дар айни хол, даври сеюми музокироти Русия ва Украина санаи 23 июл дар Истамбул баргузор шуд. Дар натичаи мулокот чонибхо ба мувофика расиданд, ки мубодилаи асирони чанг ва часадхои кушташудагонро идома диханд.

Инчунин, имкониятхои оташбаси кутохмуддати гуманитари барои 24 ё 48 соат барои эвакуатсияи захмиён барраси намуда шуданд.

Рохбари хайати Русия Владимир Мединский изхори хушбини намуд ва пешниход кард, ки се гурухи кори дар самтхои асоси таъсис дода шаванд. Дар Киев ваъда доданд, ки ташаббусро барраси мекунанд.

Дар мохи майи соли 2024, Чин ва Бразилия накшаи муштаракро барои халли сулхомези низоъ дар Украина пешниход намуданд. Он оташбас, огози муколамаи мустаким, баркарор намудани инфрасохтор ва даст кашидан аз тахримхои яктарафаро дар бар мегирад. Накша алтернативаи ташаббусхои гарби гардид ва накши Чануби Чахонро дар дипломатияи байналмилали таквият дод.

Аксхо: ВКХ-и Чин

error: