Вазири мудофиаи Қазоқистон ба идҳои солинавӣ барои фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ оғоз бахшид
Остона, 23 декабри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Вазири мудофиа Генерал-лейтенанти авиатсия Даурен Косанов дар субҳи ид иштирок намуд ва дарахти асосии қувваҳои Мусаллаҳи Қазоқистонро фурӯзон намуд. Чорабинии кӯдакони хизматчиёни ҳарбӣ дар маркази миллии ҳарбӣ-ватанпарвар баргузор гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати Мудофиаи ҶҚ.

“Шумо ояндаи дурахшони кишвари мо ҳастед. Бигзор соли 2026 ба шумо дастовардҳо, шодмонӣ ва барори нав орад” гуфт Косанов ҳангоми муроҷиат ба кӯдакон ва волидон.
Дар барномаи субҳ баромадҳои студияи эҷодии “Жас сарбаз”, сурудҳои солинавӣ, рақсҳо ва шеърҳо буданд. Кӯдакон аз қаҳрамонҳои афсонавӣ тӯҳфаҳо гирифтанд, ки нақшҳои онҳоро сарбозони взводи эҷодии марказ иҷро намуданд.
Сурат: ВМ ҶҚ
