МОСКВА, 13 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Вазорати фарҳанги ФР имкони ҷорӣ намудани квотаҳо барои намоиши филмҳои хориҷиро дар кинотеатрҳои русия баррасӣ мекунад. Дар ин бора Раиси идора Олга Любимова дар мулоқот бо президенти кишвар хабар дод.

Ба гуфтаи вай, тадбирҳо барои нигоҳ доштани ҳиссаи кинои ватанӣ дар прокат равона намуда шудаанд. “Мо имконияти нигоҳ доштани ҳиссаи кинои русияро кор намуда истодаем. Ин дастгирии воқеан зарурӣ аст”, таъкид намуд вазир.
Любимова қайд намуд, ки филмҳои хориҷӣ ҳанӯз ба русия баргаштанро шитоб намекунанд ва прокат асосан аз ҳисоби филмҳои кишварҳои дӯстона ва коргардоне, ки ба бозори русия манфиатдоранд, ташкил карда мешавад.
Тибқи натиҷаҳои соли 2024, ҳиссаи филмҳои ватанӣ дар кинотеатрҳо ба 79% расид. Вазир таъкид намуд, ки тамошобинон ба филмҳои русӣ диққати бештар медиҳанд: онҳо муҳокима, танқид ва ситоиш намуда мешаванд, ки дар ниҳоят рушди саноати кинои ватаниро ҳавасманд мекунад.
Масъалаи квотаи филмҳои хориҷӣ дар Русия бори аввал баррасӣ намешавад. Чунин чораҳо дар бисёр кишварҳои ҷаҳон амал мекунанд, ки дар он давлат кӯшиш мекунад, ки кинои миллиро аз бартарии маҳсулоти голливуд ҳимоя кунад.
Масалан, дар Чин танҳо шумораи маҳдуди филмҳои хориҷӣ дар як сол иҷозат дода мешавад. Вазорати Фарҳанги русия қаблан ба зарурати дастгирии кинематографияи миллӣ дар шароити рафтани киностудияҳои ғарбӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда буд.
Аксҳо аз манбаъҳои кушода