Вектори мухочирати мехнатии чопон: чи гуна точикистониён ба кор дар кишвари тулуи офтоб омодаги мебинанд – ИА Караван Инфо
Вектори мухочирати мехнатии чопон: чи гуна точикистониён ба кор дар кишвари тулуи офтоб омодаги мебинанд

Душанбе, 27 июл, АИ «Караван Инфо». Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахолии Точикистон огози бакайдгирии шахрвандонро ба курсхои махсуси забони чопони эълон намуд. Ин икдом як кисми омодаги ба фиристодани мухочирони мехнати ба Чопон дар соли 2026 дар доираи созишномахои байналмилалии хамкори дар сохаи шугл мебошад.

Тибки иттилои Хадамоти Мухочирати ин идора, 60 шахрванд аз омузиш мегузаранд, ки дар давоми се мох забони чопони дар сатхи кофи барои муошират меомузанд. Ин яке аз талаботи асосии чониби чопон барои ичозат додан ба фаъолияти мехнати дар кишвар аст.

Бакайдгирии курсхо аллакай кушода аст ва зиёда аз ду хафта давом мекунад. Дархостхо аз шахрвандони аз 20 то 39 сола, ки доги суди надоранд, кабул намуда мешаванд. Инчунин имконияти супоридани имтихон барои онхое, ки аллакай забони чопониро медонанд ё каблан дар курсхои шабех тахсил намудаанд, пешбини шудааст.

Тибки иттилои Хадамоти Мухочират, мутахассисони точик дар бахшхое чун:

  • истехсоли саноати,
  • сохтмон ва киштисози,
  • логистика ва наклиёт (аз чумла авиатсия ва рохи охан),
  • мохипарвари,
  • кишоварзи ва хочагии чангал,
  • саноати коркарди чуб.

Квотаи дакик хануз эълон нашудааст, аммо маълум аст, ки мухочирати мехнати дар соли 2026 мутамарказ ташкил намуда мешавад.

Тибки иттилои шуъба, музди мехнат аз 12 доллар дар як соат огоз мешавад. Корфармо манзил ва се вакт хурокро таъмин мекунад, аммо харочоти раводид ва парвозро мухочир мустакилона пардохт мекунад.

Хохишмандони тайёрии забони метавонанд ба сурогаи зерин мурочиат кунанд:

Шахри Душанбе, нохияи Шохмансур, кучаи С. Айни, 121

ё тавассути телефонхо: 225-05-75; 225-02-21

Вазири мехнат Солех Холмахмадзода каблан гуфта буд, ки Чопон яке аз кишвархое мебошад, ки Точикистон бо онхо созишномахои мухочирати мехнати имзо намудааст. Соли 2024 Вазорат бо 15 кишвар, аз чумла Чопон, Кореяи Чануби, Русия, Беларус, Казокистон, Узбекистон, Туркия ва Озарбойчон зиёда аз 40 санади хамкори ба имзо расонид.

Ин курс хохиши Точикистонро барои васеъ намудани чугрофияи шугли конунии шахрвандони худ дар хорича ва фарохам овардани шароити бехтари кор ва хифзи ичтимои инъикос мекунад.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: