Душанбе, 07 август, АИ «Караван Инфо». Си адад омузгор аз Точикистон дар барномаи байналмилалии таълимии “KLIC LEAD Global Workshop 2025”, ки санаи 4 август дар шахри Седжонг огоз ёфт, иштирок мекунанд. Омузиш дар доираи татбики амалии Ёддошти тафохум байни Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон ва Идораи маорифи шахри Седжонг гузаронида мешавад.

Максади асосии барнома баланд бардоштани ихтисоси касбии омузгорони точик дар сохаи тахсилоти раками мебошад. Ба чунин сохахо, ба монанди барномасози, технологияхои таълими (EduTech) ва зехни сунъи (ЗС) диккати махсус дода мешавад.
Иштирокчиён имконияти беназири шиносои бо муассисахои таълимии Инноватсионии Кореяи Чануби ва мухити ракамии тахсили онхоро доранд.
Ин хамкори барои муаллимони точик рохи хамгироии тачрибахои муосири байналмилалиро ба низоми миллии маориф боз мекунад. Донишу малакаи бадастомада барои навсозии таълими мактаби дар Точикистон асос шуда, ба татбики хадафхои Ёддошти тафохум мусоидат хохад намуд.
Чонибхо ният доранд, ки хамкорихоро минбаъд низ рушд диханд: сухан дар бораи тахияи маводхои муштараки таълими, гузаронидани машваратхои илми – амали ва мубодилаи мунтазами тачриба байни омузгорони ду кишвар меравад. Чунин шарики на танхо робитахои касбиро таквият мебахшад, балки дар ташаккули муколамаи устувори таълими байни Точикистон ва Корея низ сахм мегузорад.
Ташаббус хохиши Точикистонро барои хамкадам будан бо тамоюлхои чахони ва истифодаи хамкорихои байналмилали барои баланд бардоштани сифати тахсилот инъикос менамояд. Барномахои ба ин монанд барои васеъ намудани уфукхо ва фарохам овардани заминаи мустахкам барои ташаккули насли нави омузгорон — чандир, технологи ва ба оянда нигаронидашуда кумак мекунанд.
Аксхо: Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон