МОСКВА, 25 октябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Сарвазири Венгрия Виктор Орбан аз кор дар бораи роҳҳои канорагирӣ аз таҳримҳои Амрико алайҳи ширкатҳои нафтии Русия хабар дод.

Дар мусоҳиба бо радиои давлатии “Кошут” ӯ тасдиқ намуд, ки ин масъаларо бо роҳбарияти ширкати нафту газиВенгрия MOL мухокима намудааст.
Таҳримҳои нав алайҳи “Лукойл” ва “Роснефт” аз ҷониби маъмурияти Доналд Трамп ҷорӣ намуда шуданд, ки боиси болоравии нархи ҷаҳонии нафт гардид.
Венгрия ва Словакия, ки бузургтарин харидорони нафти Русия дар ИА мебошанд, ашёи хомро тавассути лӯлаи “Дружба” мегиранд.
Иқтидори умумии корхонаҳои коркарди нафт дар як сол 14,2 миллион тоннаро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои Bloomberg, дар пасманзари таҳримҳо, бузургтарин харидори нафти Русия Reliance Industries ба интиқол аз кишварҳои Ховари Миёна ва ИМА табдил ёфтааст.
Аксҳо: Ap / Denes Eros
