Дар Москва вохурии гурухи кории Вазорати корхои дохилии Точикистон бо сардорони идорахои дастгохи Марказии Вазорати корхои дохилии Русия баргузор шуд. Хайати Точикистонро Мансур Бухоризода, сардори Идораи пешгирии хукуквайронкунии ноболигон ва чавонон рохбари менамуд.

Дар чараёни мулокот, ки дар он хамчунин намояндагони Бюрои хамохангсозии мубориза бо чинояткории муташаккил ва дигар намудхои хатарноки чиноятхо дар каламрави ИДМ, идорахои минтакавии мубориза бо чинояткории муташаккил, Идораи чустучуи чиноятии Вазорати корхои дохилии чумхури ва Маркази Мубориза бо экстремизми РУБОП Вазорати Корхои дохилии ЧТ иштирок намуданд, масъалахои асосии хамкории дучониба барраси шуданд
Иштирокчиён барои мухокимаи мубориза бо чинояткории муташаккил, терроризм, экстремизм ва мухочирати гайриконуни мулокот намуданд. Онхо сатхи кунунии хамкории макомоти хифзи хукуки Точикистон ва Русияро мусбат арзёби намуда, дурнамои рушди минбаъдаи онро муайян намуданд.
Аксхо: Вазорати корхои дохилии Точикистон