Дар Остона Мулокоти Муовини аввали вазири корхои хоричии Казокистон Акан Рахметуллин бо ёвари комиссари Олии СММ оид ба гурезахо Рувендрини Меникдивела баргузор шуд. Дар мулокот масъалахои мубрами хифзи хукуки гурезахо ва шахсони бешахрванди, инчунин кумаки башардустона дар минтака барраси шуданд.

Акан Рахметуллин дар бораи рушди конунгузории миллии Казокистон дар сохаи химояи гурезахо ва чорахои дастгири барои шахсони дар дохили кишвар кучонидашуда ва шахсони бешахрванди накл намуд. Ба гуфтаи у, Казокистон такмили ташаббусхои хукуки ва башардустонаро дар ин соха идома медихад.
Рувендрини Меникдивела дастовардхои Казокистонро дар кохиши бешахрванди баланд арзёби намуд ва муваффакиятхои ду маъракаи миллии #iBelong-ро, ки ба хуччатгузории шахсони бешахрванди равона шудаанд, кайд намуд. Вай ба Казокистон барои сахми пурмазмун дар рушди ин кори мухим ташаккур гуфт.
Дар чараёни мулокот чонибхо нияти идомаи хамкории зич байни Казокистон ва идораи комиссари Олии СММ ОИД ба гурезахоро, ки ба бехтар намудани шароит ва хифзи хукукии гурезахо ва шахсони бешахрванди равона шудааст, тасдик намуданд.
Аксхо: ВКХ ЧК