Душанбе, 16 июн, АИ Караван Инфо. Чумхурии Точикистон аз шиддат гирифтани вазъ дар Ховари Миёна изхори нигарони намуда, зарбахои Исроилро ба Каламрави Чумхурии Исломии Эрон хамчун нодида гирифтани меъёрхои умумиэътирофшудаи муносибатхои байналмилали арзёби намуд.

Дар изхороти расмии Вазорати корхои хоричи, ки санаи 13 июн пахн шуд, таъкид намуда мешавад, ки амалиёти чанги боиси талафоти зиёди одамон гардид ва ин зарбахоро гайрикобили кабул махкум намуд.
“Чониби Точикистон ба хешовандон ва наздикони кушташудагон, инчунин ба тамоми мардуми бародари Эрон изхори хамдарди мекунад”, — гуфта мешавад дар хуччат.
ВКХ -и Точикистон бори дигар таъкид намуд, ки ягона рохи кобили кабул барои халли бухронхо дар минтака музокирот ва муколама боки мемонад ва аз хамаи чонибхо даъват намуд, ки аз шиддат гирифтани вазъ худдори кунанд.
Дар изхорот инчунин даъват ба риояи принсипхои Оинномаи СММ ва дигар меъёрхои хукуки байналмилали, инчунин андешидани чорахои фаври оид ба чустучуи рохи осоишта аз бухрон, ки метавонад окибатхои фалокатоварро пешгири кунад, оварда шудааст.
АКСХО: аз манбаъхои кушода