Душанбе, 11 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Санаи 9-уми феврали соли 2026 дар Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» вохӯрии расмии намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо директори корхона ва мутахассисони соҳавӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти соҳаи обтаъминкунӣ ва корезӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Аз ҷумла, диққати асосӣ ба истгоҳи партобтозакунии оби корезӣ равона гардида, вобаста ба мушкилоти ҷорӣ, аз ҷумла масъалаи ба вуҷуд омадани бӯй ва таъсири он ба муҳити зист, табодули афкор сурат гирифт.
Ҳамзамон, дар рафти мулоқот як қатор масъалаҳои дигар оид ба таъмини оби нӯшокӣ, ҳолати шабакаҳои обу корезӣ ва роҳҳои бартарафсозии мушкилоти мавҷуда бо иштироки мутахассисони корхона баррасӣ шуданд. Дар натиҷа, чандин масъалаҳои ҷорӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, пешниҳодҳои амалӣ ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти соҳа ироа гардиданд.


Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои судманд, истифодаи таҷриба ва технологияҳои муосир дар самти такмили низоми обтаъминкунӣ ва корезӣ иброз намуданд.
АКС: КВД “Обу корези Душанбе”
