Вохурихо ва гуфтушунидхо дар сатхи Олии Точикистону Эрон – ИА Караван Инфо
Вохурихо ва гуфтушунидхо дар сатхи Олии Точикистону Эрон

Мухокимаи доираи васеи масъалахои вобаста ба тахкиму густариши робитахои дустона ва хамкории Точикистону Эрон дар мулокоти сарони ду давлат – Эмомали Рахмон ва Масъуд Пезешкиён огоз гардида, дар музокироти расми бо иштироки хайатхои харду чониб дар Касри Миллат идома ёфт.

Эмомали Рахмон мехмони баландпояро самимона истикбол намуда, кайд намуд, ки “Халкхои Точикистону Эрон муносибатхои ногусастании таърихи, фарханги ва тамаддуниро ба хам мепайвандад”.

Таъкид гардид, ки “хар сол накши муассири хамкори дар тахкими фазои хамдигарфахми, эътимод ва эхтироми тарафайн байни ду кишвари дусту бародаронаи мо торафт бештар эхсос мешавад”.

Аз сатхи имруза ва мазмуни муносибатхои гуногунчанбаи Точикистону Эрон изхори каноатманди намуда шуд.

Дар рафти гуфтушунидхо доираи васеи масъалахои вобаста ба густариши хамкори дар сохахои сиёсат, иктисод ва савдо, сармоягузори ва сайёхи, амният, илму фарханг, тандурусти ва дигар чанбахои мавриди таваччухи тарафайн барраси гардид.

Зикр гардид, ки айни замон дар Точикистон 160 ширкати дорои сармояи эрони фаъолият доранд ва соли 2024 хачми интиколи мол нисбат ба ду соли гузашта 3,2 баробар афзудааст.

Хамчунин, оид ба мавзуъхои гуногуни хамкори оид ба масъалахои минтакави ва глобалии мавриди таваччухи тарафайн табодули афкор сурат гирифт. Дар робита ба ин, зарурати хамкории хамохангшуда дар минтака ва чахон дар мубориза бо зухуроти манфии терроризм ва экстремизм, гардиши
гайриконунии маводи мухаддир, чинояткории муташаккили фаромилли ва киберчинояткори таъкид гардид.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: