Точикистон ба 26 давлат ва чахор созмони байналмилали барои назорати интихоботи парлумони, ки мохи марти соли 2025 баргузор мешавад, даъватнома фиристодааст. Дар ин бора узви комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии чумхури Махфират Хидирзода хабар дод. Ба гуфтаи вай, хадафи даъват намудани нозирон таъмини шаффофият ва кушодагии раванди интихобот аст.

Барои рохати интихобкунандагон, комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурси замимаи мобилии “Интихоботи вакилони халк – 2025” – ро тахия намуд ва сайти расмиро такмил дод, ки хамаи мархилахои омодаги ва баргузории интихоботро фаро мегирад. Илова бар ин, мохи декабри соли 2024 дар чумхури як хавзаи ягонаи интихоботии умумичумхурияви ва 41 хавзаи якмандати ташкил намуда шуд.
Барои шахрвандони Точикистон, ки дар хорича карор доранд, дар 28 кишвар дар назди сафоратхонахо ва консулгарихои чумхури 36 участкаи интихоботи ташкил намуда шудааст.
Аксхо: комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурси