Бинобар иваз шудани номи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Аввалин бонки молиявии хурд” ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон” бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, мутобиқи моддаҳои 42, 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, моддаҳои 8, 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва моддаҳои 7, 10, 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон” барои фаъолияти бонкӣ ҷиҳати анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.

Ба департаменти назорати бонкӣ ва департаменти низоми пардохт супориш дода шуд, ки дар Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ, Феҳристи ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта ва Маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сабтҳои дахлдорро ворид намоянд.
Шуъбаи матбуоти БМТ