Доналд Трамп пас аз савгандёдкуни фармонхои зиедеро имзо намуд – ИА Караван Инфо
Доналд Трамп пас аз савгандёдкуни фармонхои зиедеро имзо намуд

Санаи 20 январи соли 2025 Доналд Трамп хамчун президенти 47-уми ИМА савганд ёд намуд ва у ваъда дод, ки пас аз ифтитох якчанд фармонхои мухимро, ки ба чанбахои гуногуни сиёсати дохили ва хоричи дахл доранд, имзо намуд.

Тибки ваъдахои пешазинтихоботи, Трамп такрибан 1500 нафарро барои иштирок дар ошубхои Капитолий хилл 6 январи соли 2021 афв намуд. Ба шумораи афвшудагон аъзои гуруххои ултрахукуки “бачахои Сарбаланд” ва “Химоятгарони савганд” дохил шуданд, ки дар тахрик ба ин дасиса айбдор намуда шуданд.

Трамп ёддоштеро имзо намуд, ки хадафи он мубориза бо таварруми истеъмолкунандагон ва сабук намудани бори танзимкунанда барои истихрочи нафт ва гази табии мебошад, ки ба бовари у ба кохиши арзиши молхо мусоидат мекунад. Вай инчунин манъи TikTok-ро барои 75 руз боздошт, то имкони фуруши платформаро ба харидори амрикои таъмин кунад.

Дар доираи сиёсати хоричи, Трамп хуручи ИМА аз созмони умумичахонии тандурусти (СУТ) – ро эълон намуд ва баррасии хамачонибаи харочоти кумаки хоричии ИМА-ро огоз намуд ва хамаи барномахои кумакро барои 90 руз боздошт. Инчунин, президент фармони иваз намудани номи Халичи Мексикаро ба “Бахри Амрико” ва баргардонидани номи кухнаи кухи Мак-Кинлиро имзо намуд.

Трамп якчанд фармонхои мухочирати Чо Байденро бекор намуд, аз чумла онхое, ки ба депортатсия ва гуруххои афзалиятноки депортатсия дахл доштанд. Вай дар марз бо Мексика вазъияти фавкулодда эълон намуд, то назорати мухочиратро таквият дихад ва панохгохро махдуд кунад. Трамп инчунин барномаи кабули гурезахоро боздошт ва изхор дошт, ки ният дорад сиёсати мухочиронро дар хоричи ИМА интизор шавад.

Президент фармони хуручи ИМА аз созишномахои иклими Парижро имзо намуд ва вазъияти фавкулоддаи энергетики эълон намуд, ки мехохад ваъдахои пешазинтихоботии худро дар бораи бекор намудани танзими экологи, аз чумла “мандати Байден барои мошинхои барки” ичро кунад.

Трамп кирояи кормандонро ба макомоти федерали ях намуд ва департаменти нав, “Департаменти самаранокии хукумат” (DOGE) – ро таъсис дод, ки онро Илон Маск рохбари менамуд. Ин шуъба бояд ба кам намудани барномахо ва харочоти давлати машгул шавад.

Президент чорахои химояи хукуки трансгендерхоро бекор намуд ва барномахои таъмини гуногунранги, баробари ва фарогири (DEI) – ро дар хукумати федерали боздошт. Дастурхои нав талаб мекунанд, ки хукумати федерали танхо ду чинсро эътироф кунад-мард ва зан, ки дар асоси омилхои биологи муайян намуда мешаванд.

Трамп инчунин тасмим гирифт, ки маблаггузории “хизматрасонихои гузариш” – ро катъ кунад ва барномахои мавчудаи DEI-ро дар муассисахои хукумати бекор кунад.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: