Истиклолияти энергетикии Точикистон: кадамхо ба суи ояндаи устувор – ИА Караван Инфо
Истиклолияти энергетикии Точикистон: кадамхо ба суи ояндаи устувор

Соли 2024 бо максади баланд бардоштани устувории системаи энергетики ва истифодаи самараноки манбаъхои баркароршавандаи неруи барк хукумати Точикистон 18 лоихаи сармоягузориро амали намуд. Ин лоихахо ба сохтмон ва тачдиди неругоххо, кам намудани талафоти неруи барк, чори намудани системаи биллинги, баркдихии дехот, сохтмони хатхои интиколи барк ва бехтар намудани таксимоти неруи барк ва бехбуди вазъи молиявии соха нигаронида шудаанд. Арзиши умумии ин лоихахо 1,7 миллиард доллари ИМА – ро ташкил медихад. Татбики онхо ба тахкими амнияти энергетики ва устувории кишвар, инчунин истифодаи самараноки манбаъхои баркароршавандаи энергия мусоидат мекунад.

Дар ин бора дар чаласаи васеи Хукумати Точикистон тахти раёсати Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон хабар дода шуд.

Тавре, ки Президент дар Паеми худ ба Мачлиси Оли таъкид намуд, хукумат барои ноил шудан ба истиклолияти энергетики ва таъмини рушди устувори иктисоди милли бо истифода аз тамоми захирахои мавчуда, аз чумла манбаъхои рушди иктисоди “сабз” чорахо меандешад. Дар айни замон корхои тачдиду навсозии Неругоххои барки обии “Норак” ва “Кайроккум” ба маблаги 6 миллиарду 900 миллион сомони, инчунин сохтмони Неругохи Барки обии “Себзор” бо арзиши 700 миллион сомони идома доранд.

Хамаи ин корхо ба фарохам овардани шароит барои ба даст овардани истиклолияти энергетикии Точикистон равона шудаанд. Аз мохи майи соли 2027, ба шарофати истехсоли неруи барк дар Неругохи Барки Обии Рогун ва каскади Неругохи Барки обии Дарёи Вахш, норасоии неруи барк дар кишвар пурра аз байн бурда мешавад ва Точикистон аз чихати энергетики мустакил хохад шуд.

АКСХО: Хадамоти Матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон

error: