Дар Шимкент Фестивали байналмилалии IX огоз ёфт. Ин як руйдоди мухим барои хаёти фархангии шахр ва тамоми кишвар аст, зеро он ба тахкими хамкори байни фаъолони театрии Осиёи Маркази ва давлатхои туркзабон мусоидат мекунад.
Фестивал ба 95-солагии театри академии драмавии казокии шахри Шимкент ба номи Ж. Шанин бахшида шудааст. Ин яке аз кадимтарин ва бонуфузтарин театрхои Казокистон аст, ки дар тули солхои зиёд тамошобинонро бо намоишхои худ шод мекунад.
Дар давоми шаш рузи фестивал тамошобинон метавонанд бехтарин намоишхои театрхоро аз кишвархои гуногун бубинанд. Илова бар ин, дар барнома мизхои мудаввар ба накша гирифта шудаанд, ки дар онхо мунаккидони пешбари театр намоишхои пешниходшударо мухокима мекунанд, инчунин мастер-классхо барои режиссерхо, актерхо ва менечерони кори театри омода аст.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти Вазорати фарханг ва иттилооти ЧК