Вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ, донишҷӯён ва ҳамватанон дар Краснодар - ИА Караван Инфо
Вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ, донишҷӯён ва ҳамватанон дар Краснодар

20-уми октябри соли 2024 вохӯрии муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо муҳоҷирони меҳнатӣ, намояндагони диаспораҳои тоҷикон, донишҷӯён ва ҳамватони бурунмарзӣ дар кишвари Краснодари Федератсияи Россия баргузор гардид. 


Зимни суҳбати озоду самимӣ муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо оид ба рушду тараққиёти кишвар ва дастовардҳои замони истиқлол, нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ», пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, ташкилотҳои террористию экстремистӣ, тақлид накардан ба фарҳанги бегона, риоя намудани қонунҳои амалкунандаи давлати иқомат, даст назадан ба ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар масоили мубрам ибрози андеша намуд.


Дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои федералӣ оид ба будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия, ки аз 5 феврали соли 2025 эътибори қонунӣ пайдо мекунанд, гуфтугӯи судманд анҷом дода шуд.

АКС: ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: