Дар таҷлили 30-солагии қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Форум занони ҳуқуқшинос таҳти унвони «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ ва маърифати ҳуқуқӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар дод.
Иброз гардид, ки ҳифз ва муҳофизати ҳуқуқу манфиатҳои занон мақоми муҳимро дар сиёсати иҷтимоии давлат ишғол мекунад ва дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои назаррас амалӣ гардиданд. Қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» қадами муҳиме буд, ки шароит барои кушодани потенсиали занон дар соҳаҳои гуногуни зиндагӣ ва таҳкими рушди устувори ҷомеаро фароҳам овард.
Имрӯз дар вилояти Хатлон тақрибан 14 ҳазор зан дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд, ки саҳми онҳо дар рушди сиёсати давлатӣ назаррас мебошад.
Дар анҷоми форум ба занони фаъоли ҳуқуқшинос Сипоснома тақдим гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон